Иқтисодиёт
Илми иқтисод — як шохаи илмҳои илмҳои ҷамъиятӣ, ки иқтисодро меомӯзанд ва ба қисмҳои назариявӣ ва амалӣ тақсим мешаванд. Иқтисоди назариявӣ интихоби тарзи истифодаи манбаъҳои маҳдудро аз тарафи одамон ва ҷомеъа меомӯзад. Иқтисоди амалӣ имконияти татбиқи қонунҳо, назарияҳо ва пешниҳодҳоеро, ки иқтисоди назариявӣ коркард кардааст дар амалиёти қисмҳои алоҳидаи низоми иқтисодӣ меомӯзад.