Одина | Садриддин Айнӣ
Одина ба синни дувоздаҳсолагӣ аз падару модари худ ҷудо шуда, ятиму бекас монда буд. Падари Одина камбағалу бечиз буд, ки ғайр аз модагов ба писари сағири худ меросе нагузошт. Баъд аз мурдани падари Одина, ки хонааш дар деҳае аз музофоти Қаротегин буд, қозии он ҷо мулозим ва муфтӣ фиристода моли ӯро тарака кунонид. Ҳаққи таракаи қозӣ, харҷи муфтӣ, хизматонаи мулозим, ошпулии арбобу оқсақол ба маблағе расид, ки баъд аз фурӯхта додани гов боз Одинаи сағир аз арбоби деҳа даҳ танга қарздор буд...
Нарх: | Ройгон |
---|---|
Муаллиф: | Садриддин Айнӣ |
Ношир: | Адиб |
Соли табъ: | 2014 |
Дастабандӣ: | Адабиёт |
Шумори саҳифаҳо: | 192 саҳифа |
Шумори мутолиа: | 1574 маротиба |
Ба иштирок гузоштан: |