close

Маркази Хирад
Барномаи андроид

Скачать
menu
sadriddin-ayni(1).jpg

Садриддин Айнӣ

Сардафтари адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ 27 (15) апрел 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони Аморати Бухоро (дар ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухорои Ӯзбекистон) ба дунё омадааст. Фарзандаш ховаршиноси барҷастаи Тоҷикистон Айнӣ Камол. Падараш Саидмуродхоҷа кишоварз буд, аммо чун, худ соҳиби хату савод буд, кӯшиш мекард, ки фарзандонаш низ донишомӯхтаву донишманд бошанд. Аз ин рӯ, писараш Садриддин Айниро дар шашсолагӣ ба мадрасаи рустояшон дод. Устод Айнӣ донишомӯзияшро дар он мадраса дар достони «Мактаби куҳна» тасвир карда ва дар «Ёддоштҳо» мегӯяд: «Чунон ки падарам дид, дар он мактаб ман саводи амиқ гирифта натавонистам ва маро ба мактаби духтарона дод». Дар мактаби духтарона Садриддин чанд ҷузъ аз Бедил ва чанд ҷузъ аз ғазалиёти Соибро хонда дар даҳсолагӣ мактабро хатм мекунад

Китобҳои муаллиф

  • Марги судхӯр

    Марги судхӯр

    Садриддин Айнӣ

  • Мунтахаботи Садриддин Айнӣ

    Мунтахаботи Садриддин Айнӣ

    Садриддин Айнӣ

  • Намунаи адабиёти тоҷик

    Намунаи адабиёти тоҷик

    Садриддин Айнӣ

  • Одина

    Одина

    Садриддин Айнӣ