Ҷадидия ва шинохти он | Нӯъмонҷон Ғаффоров
Дар китоб он мақолаву гузоришоти илмии муаллиф гирд оварда шудаанд, ки ҷиҳати шинохти тозаи ҳаракати ҷадидия то андозае рӯшноӣ меандозанд. Дар нигоштаҳои муаллиф нақши ҷадидони тоҷик дар ислоҳи мактабу маориф, нашри китобу дастурҳои таълимӣ, интишори рӯзномаву маҷалла, танзими расму маросимҳои милливу динӣ, худшиносӣ ва ташаккули ҳисси ватандорӣ, фарҳанггустарӣ ва эҳёи маънавӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст, ки масоили мазкур имрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳамияти вижа доранд. Ин китоб метавонад ба таърихнигорону адабиётшиносон, мутахассисони давраи интибоҳи таъриху фарҳанги тоҷикон ва дигар халқу миллатҳои Осиёи Миёна, аспирантону муҳаққиқон ва ҳамаи онҳое, ки ба таърихи ҷунбиши ҷадидия майлу рағбат доранд, ҳамчун манбаи муфид хидмат намояд.
Нарх: | Ройгон |
---|---|
Муаллиф: | Нӯъмонҷон Ғаффоров |
Ношир: | Ирфон |
Соли табъ: | 2013 |
Дастабандӣ: | Илмӣ |
Шумори саҳифаҳо: | 160 саҳифа |
Шумори мутолиа: | 148 маротиба |
Ба иштирок гузоштан: |