close

Маркази Хирад
Барномаи андроид

Скачать
menu
nuamonjon-gafforov.JPG

Нӯъмонҷон Ғаффоров

Нуъмонҷон Усмонзода Ғаффорӣ — муаррихи тоҷик, доктори илмҳои таърих (1970), профессор (1971). Дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ. Аълочии маорифи Тоҷикистон. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон. Соли 1999 дар мавзӯи «Фаъолияти фарҳангӣ-маорифпарварии ҷадидон дар аморати Бухоро (ибтидои асри ХХ)» рисолаи номзадӣ ва соли 2014 дар мавзӯи «Ҳаракати ҷадидия дар Осиёи Марказӣ» рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст. Ғаффорӣ Н.У. тӯли фаъолияти хеш дар баробари тарбияи кадрҳои илмии таърихнигор, дар макотиби олии кишвар ба мустаҳкам кардани мавқеъи он ба сифати маркази илмии пешқадами кишвар, баланд бардоштани сатҳи илмии омӯзиш ва омода кардани мутахассисони соҳа, гузаронидани корҳои ташкилӣ оид ба омода кардани кадрҳои квалификатсияи олӣ тавассути аспирантураю докторантура саҳми арзанда дорад. Мавсуф узви Шӯроҳои диссертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз рӯи равияҳои таърихи ватанӣ, таърихи умумӣ, таърихи муносибатҳои байналхалқӣ ва сиёсати хориҷӣ мебошад. Дастовардҳои илмияш аз 4 монография, 4 брошураи илмӣ, 3 китоби илмӣ-оммавӣ, 4 дастури таълимӣ-методӣ ва зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ иборат мебошад.

Китобҳои муаллиф

  • Ҷадидия ва шинохти он

    Ҷадидия ва шинохти он

    Нӯъмонҷон Ғаффоров