close

Маркази Хирад
Барномаи андроид

Скачать
menu
Иҷлосияи тақдирсози миллат

Иҷлосияи тақдирсози миллат | Усмонҷон Ғаффоров

Ин китоб бо саъю кӯшиши зиёди муаллифон, чун таърихи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қалам омадааст. Мегӯянд, ки тақдири ҳар халқу ҳар миллат бояд бо дасти худи фарзандони фарзонааш навишта шавад, на бо дасти дигарон. Муаллифон аз рӯи ҳамин панди оқилона амал намуда, таърихи як саҳифаи пуршарафу пурарзиши миллат – Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, қарорҳои қабул кардаи он ва махсусан нақши фаромӯшнашавандаи Президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар он Иҷлосия нахустраиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда буд, ба вуҷуд овардаанд. Дар ин асар бо далелу рақамҳои аниқу равшан роҳи тай намудаи Тоҷикистони азиз пас аз Иҷлосияи таърихӣ, дастовардҳои беназир маҳз бо роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири истиқрори Сулҳ, ризоияти миллӣ, пешбурди иқтисодиёту маънавиёт бадастомада ба риштаи сухан кашида шудаанд. Асар саропо моломоли хотираҳои наҷиб, суханони аз сидқи дил гуфтаи иштироккунандагони Иҷлосия, шарҳу таҳлили нозуктарин рӯйдодҳои замони баргузории Иҷлосия аст. Худ хонед, худ хулоса бароред, ки бузургони миллат донишу таҷрибаи худро ба ҳалли чӣ гуна масъалаҳои мубрами давр сарф намудаанд.

Нарх: Ройгон
Муаллиф: Усмонҷон Ғаффоров
Ношир: Адиб
Соли табъ: 2012
Дастабандӣ: Илмӣ
Шумори саҳифаҳо: 288 саҳифа
Шумори мутолиа: 123 маротиба
Ба иштирок гузоштан: