close

Маркази Хирад
Барномаи андроид

Скачать
menu
usmonjon-gafforov.JPG

Усмонҷон Ғаффоров

Усмонҷон Ғаффоров (30 январи 1945, деҳаи Қистақӯзи ноҳияи Ғафуров, вилояти Ленинобод) — муаррих, ходими давлатӣ, номзади илмҳои таърих (1976), профессор (1997). Корманди шоистаи ҶТ (1999), дорандаи Ҷоизаи ба номи Б. Ғафуров (1999), вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят (2000), узви Маҷлиси миллии Мачлиси Олии ҶТ (2001), узви Иттифоқи журналистони ҶТ (1997), узви Иттифоқи нависандагони ҶТ (2001). Усмонҷон Ғаффоров аз олимони сермаҳсули ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, доир ба таърихи фарҳанги халқи тоҷик, фарзандони арзандаи миллат асарҳову мақолаҳои сершумор офаридааст. Мавсуф дар давраи фаъолияти илмӣ-педагогӣ ва адабӣ-ҷамъиятии худ зиёда аз 60 китоб, беш аз 160 мақолаи илмӣ-тадқиқотӣ ва адабӣ дар маҷмӯаҳои илмӣ ва маҷаллаҳо, зиёда аз 700 мақолаи илмӣ-оммавӣ дар матбуоти даврӣ ба табъ расонидааст. У. Ғаффоров дар зиёда аз 230 конференсияҳои сатҳи байналхалқӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ бо маърӯзаву гузоришҳои илмӣ баромад кардааст. Моҳи июли соли 1999 дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон дар ёдбуди 90-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон академик Б. Ғафуров иштирок ва маърӯзаи илмӣ кард. Ӯ инчунин бо дастовардҳои илмии худ дар Ереван, Москва, Тошканд, Теҳрон, Киев, Самарқанд, Твер, Мадина, Санкт-Петербург, Шероз, Исфаҳон, Пекин баромад кардааст. У. Ғаффоров мисли падари шодравонаш Абдуғаффор Ҳасанов гулчини ҳикматҳои ниёгон буда, онро ҳамчун олим – омӯзгор дар байни омма тарҒиб мекунад. Омили ин ҳама муваффақиятҳои вай ин китобхонаи ниҳоят бои ӯ мебошад, ки он ҷо беш аз 10 ҳазор китобҳои нодир, дастхатҳои пурарзиш, беш аз 550 папкаҳои алоҳида доир ба бузургони миллат гирд оварда шудааст. Як хусусияти тарзи корбарии У.Ғаффоров дар он аст, ки ӯ аз китобхонаи хеш самаранок истифода бурда тавассути асарҳояш, мақолаҳояш ва радиову телевизион онро ташвиқу тарғиб мекунад. Ва бо ин кори некаш ӯ дар баланд бардоштани маънавиёти мардум саҳм мегузорад.

Китобҳои муаллиф

  • Иҷлосияи тақдирсози миллат

    Иҷлосияи тақдирсози миллат

    Усмонҷон Ғаффоров