Хамса ҷилди 1 | Низомии Ганҷавӣ
Зода ва парвардаи Ганҷаи Озарбойҷон Низомии Ганҷавӣ аз бузургтарин устодони каломи бадеъи форсӣ-тоҷикӣ ба шумор рафта, «Хамса»-и дилписанду бегазанди ӯ аз шоҳкорҳои фарҳанги дунё эътироф гардидааст. Шоир бо ин шоҳасар мактаби адабии «Хамса»- сароиро дар адабиётамон поя гузоштааст, ки баъд аз он дар пайравии ин асар ва достонҳои алоҳидаи он дар адабиёти Шарқ асарҳои зиёде офарида шудаанд. Дар Тоҷикистон «Хамса» ё достонҳои алоҳидаи он борҳо ба нашр расидааст. Инак, нашри тозаи ин асар дар се ҷилд бо тасҳеҳи нав пешкаши хонанда мегардад.
Нарх: | Ройгон |
---|---|
Муаллиф: | Низомии Ганҷавӣ |
Ношир: | Адиб |
Соли табъ: | 2012 |
Дастабандӣ: | Адабиёт |
Шумори саҳифаҳо: | 480 саҳифа |
Шумори мутолиа: | 87 маротиба |
Ба иштирок гузоштан: |