Низомии Ганҷавӣ
Абӯмуҳаммад Илёс ибни Юсуф ибни Закии Муайид матахаллис ба Низомӣ ва номвар ба Низомии Ганҷавӣ — шоир ва мутафаккири форс-тоҷики аҳли Озарбойҷон, яке аз устодони мусаллами шеъри форсӣ. Тамоми осорашро ба форсӣ навшитааст.
Низомии Ганҷавӣ соли 1141дар Ганҷа, Атобакони Озарбойҷон таваллуд шудааст — 1209, ҳамон ҷо аз олам чашм пушидааст. Хонадони Низомии Ганҷавӣ аз табақаи миёнаи аҳолии шаҳри Ганҷа буд. Бармаҳал аз падар ятим монда, ба тарбияи модараш уфтод. Зиндагии Низомии Ганҷавӣ баъди сари падар вазнин буд; бо шоҳибофӣ рӯз мегузаронд. Ӯ аз илмҳои замонаш — фиқҳ, калом, фалсафа, ҳайат, ҷуғрофиё, нуҷум, риёзиёт, тиб, кимиё баҳраманд гардида, аз ҷавонӣ ба шеъргӯӣ пардохта, дар байни аҳли адаб эътироф пайдо карда буд. Низомии Ганҷавии тамоми умр дар Ганҷа зиста, аз шоирони замон бо Хоқонии Шервонӣ дӯстӣ дошт.
Низомии Ганҷавӣ соли 1209 дар Ганҷа даргузашт. Холо дар болои турбати ӯ мақбараи муҳташаме сохта шудааст.