Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 3 | ЭМТ
Энсиклопедияи миллии тоҷик (ба ихтисор ЭМТ) — донишномаи миллии Тоҷикистон, ки сар аз соли 2008 таълифу тадвинаш дар Тоҷикистон шурӯъ шудааст. Ҷилди якуми ЭМТ соли 2012 бо теъдоди 5 ҳазор нусха бо сарфи 350 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон нашр шудааст. Дар донишнома 3200 мақола ҷой гирифтааст, ки ба қалами 650 муаллиф тааллуқ доранд. Ҷилди аввали ин энсиклопедия аз ҳарфи «А» шурӯъ шуда, бо калимаи «Асос»-и ин ҳарф анҷом ёфтааст. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик 20 марти соли 2013 ҷилди дуввуми донишномаи бисёрҷилдаи «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик»-ро ба нашр расонд. 25 дарсади иттилоот марбут ба ҳарфи «А» ба ҷилди дувум гузаштааст.
Нарх: | Ройгон |
---|---|
Муаллиф: | ЭМТ |
Ношир: | ЭР-Граф |
Соли табъ: | 2014 |
Дастабандӣ: | Донишномаҳо |
Шумори саҳифаҳо: | 676 саҳифа |
Шумори мутолиа: | 181 маротиба |
Ба иштирок гузоштан: |