ЭМТ
Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Бо Фармони Президенти Тоҷикистон дар давлати соҳибистиқлол, куҳанфарҳанг, мутамаддин, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди мо низ ба таҳияву тадвини энсиклопедияи миллии бисёрҷилда пардохта шуд, зеро дар китобҳои энсиклопедӣ таърихи кишвар, илм, иқтисодиёт, хоҷагии деҳот, маданият, адабиёту санъат, урфу одат, маросимҳо, ҳаёту фаъолияти шахсиятҳои бузург, ходимони маъруфи ҷамъият, намояндагони мумтози илму маърифат, адибон, ҳунармандон ва санъатварони маъруф дарҷ хоҳанд шуд. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ҳеҷ як миллат наметавонад бидуни баҳравар шудан аз тамаддуни муштараки миллатҳову қавмҳои ҳамҷавор ба сари худ миллати тавонову бофарҳанг созад ва дар тӯли ҳазорсолаҳо бобақову поянда монда тавонад. Хати машйи кишвари мо, ки тарафдори сиёсати эътироф ва эҳтироми меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, дахолат накардан ба истиқлоли сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои ғайр, рушду тавсеаи ҳамкориҳо ва робитаҳои манфиатбахши дутарафа бо мамлакатҳои дунёст, ҳамеша аз арзишҳои милливу фарҳангии тоҷикон дар тамоми сатҳҳо ва арсаҳо пуштибонӣ мекунад. Нашри нахустини ҷилди якуми ЭМТ аз ҷониби ҳайати Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик соли 2012 интишор гардида, соли 2015 ҷилди чоруми Энсиклопедияи Миллии Тоҷик нашр шудааст.