Дар ин дунё. Ҷилди 16. Рӯдакии ҷаҳонсолор | Карим Абдулов
Дар ин асар профессор, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
бо номи «Рӯдакии ҷаҳонсолор» бо истифода аз адабиёти мавҷуда, аз
нуқтаи назари фарҳангию иҷтимоӣ, сиёсию ҷаҳонбинӣ, равоншиносию
забондонӣ, маърифатпарварию дунявӣ, илоҳию коинотӣ, табиию тиббӣ,
одаму одамшиносӣ ва ғайраҳо таҳлил намудааст.
Дар асар мавқеи устод Рӯдакӣ оиди давлату давлатдорӣ, ҷаҳонсолорӣ,
ватандӯстӣ, доштани ахлоқи ҳамида, саховатмандӣ, дурандешӣ, озодандешӣ, универсализми давлатдорӣ хеле хуб ва равон таҳлил шудааст.
Муаллиф мавқеи идеологӣ ва ҷаҳонбинии устод Рӯдакиро дар мисолҳои дақиқ оиди қарматӣ набудани ӯ, мутлақ на дар ҷавониаш ва на дар
охирҳои ҳаёташ кӯр набуданаш таҳлилҳои ҷолибу дақиқ бурдааст.
Профессор Карим Абдулов ҳамаи маводҳояшро, андешаҳояш ва хулосаҳояшро аз рӯи таҳлилҳои илмии олимони Рӯдакишинос, шоирони
асрҳои эшон ва то имрӯзҳо (2008 сол) баровардааст. Дар охири асар ба
андешаи нашриёт хуб кардааст, ки боби чаҳоруми китоби профессор А.
Тоҳирҷоновро, ки бо номи «Осори Рӯдакӣ» ҳамчун ҷамъбасти китоб
овардааст ва ба хулосабарории эшон умуман розист.
Китоб дар жанри илмиву публитсистӣ навишта шудааст ва мо бовар
дорем барои Рӯдакишиносон, мухлисони адабиёт бамаврид аст.
Андешаҳои хешро барои равшанӣ андохтан ва дар нашрҳои оянда чоп кардан ифшо кунед.
Нарх: | Ройгон |
---|---|
Муаллиф: | Карим Абдулов |
Ношир: | Адиб |
Соли табъ: | 2013 |
Дастабандӣ: | Нақди адабӣ |
Шумори саҳифаҳо: | 272 саҳифа |
Шумори мутолиа: | 55 маротиба |
Ба иштирок гузоштан: |