Карим Абдулов
Карим Абдулов (26 феврали 1939) — иқтисоддон, таърихнигор, доктори илми таърих (1990), профессор (1991). Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997). Дар баробари фаъолияти ҳизбию давлатӣ ва пешбурди корҳои илмӣ, дар соҳаи очерку публитсистика ҳам хомафарсойӣ кардааст, ки рисолаҳои «Роҳи беҳбуд» (роҳҳои пурпечутоби давраи гузариш), «Дар ин дунё» (иборат аз дувоздаҳ ҷилд), «Сиёсатномаи асри ХХI», «Ягонагии сухан ва амал», «Абадзинда», «Лоиқи миллат», «Дарёниҳод», «Аловуддин Бобоев», «Бахти таърихӣ», «Асъори миллӣ» ва ғ. аз он ҷумлаанд. Дар Олмон, Булғория, Сурия, Ироқ, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Шри-Ланка сафарҳои расмӣ ва эҷодӣ доштааст. Ду маротиба маносики бузурги мазҳабиро ба ҷой овардааст. Дар тарғиби маърифати ислом аз дидгоҳи дунявӣ рисолаи «Ҳаҷнома»-ро таълиф намудааст.[1] Аз таассуроти сафари Эрон китоби марғуби публитсистие ба қалам овардааст.