close

Маркази Хирад
Барномаи андроид

Скачать
menu
majid-salim.JPG

Маҷид Салим

Маҷид Салим 1 октябри соли 1960 дар деҳаи Файзободи ноҳияи Маскав (ҳозира Мир Саййидалии Ҳамадонӣ) ба ҷаҳон омадааст. Соли 1987 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб, баъдан факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо бо баҳои аъло хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатияшро дар рӯзномаи ноҳиявии «Зафар» сар карда, баъдан дар рӯзномаҳои «Коммунисти Ховалинг»-у «Роҳи Ленинӣ» ифои вазифа намудааст. Соли 1994 ходими илмии Боғи ҳайвоноти Душанбе, солҳои 1998-2000 мудири шуъба ва муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» будааст. Солҳои 2000-2002 мудири шуъбаи наср, аз соли 2003 директори Хазинаи адабиёти Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ, ҳамзамон, муаллиф-барандаи доимии барномаи телевизионии «Инсон ва табиат» (дар Шабакаи якуми Телевизиони тоҷик) мебошад.

Китобҳои муаллиф

  • Аз пайи паланг

    Аз пайи паланг

    Маҷид Салим