close

Маркази Хирад
Барномаи андроид

Скачать
menu
gulnazar-keldi.jpg

Гулназар Келдӣ

Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ ба ҷаҳон омадааст. Баъди бо нишони тилло фарҷом бахшидани мактаби миёнаи деҳа, соли 1961 вориди факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1966 бо дипломи сурх анҷомаш додааст. Фаъолияти меҳнатиро дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» оғоз намуда, то мақоми муовини сармуҳаррири он расидааст. Баъдан дар маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Пайванд», ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», рӯзномаи «Ваҳдат» мудири шуъба ва сармуҳаррир, солҳои 2005-2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ будааст.

Китобҳои муаллиф

  • Туву хубиву раъноӣ

    Туву хубиву раъноӣ

    Гулназар Келдӣ

  • Турсунзода дар ёдҳо

    Турсунзода дар ёдҳо

    Гулназар Келдӣ Гурез Сафар