Гаршоспнома | Асадии Тӯсӣ
Асадии Тӯсӣ дар таърихи адабиёти классикии форс-тоҷик аз суханварони қавитабъу борикандеш ба шумор меравад ва тавоноии фикру чиразабонии ӯро достони хамосии «Гаршоспнома», ки дар пайравии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ суруда шудааст, беҳтарин гувоҳ аст. «Гаршоспнома» дар хусуси корнамоиҳои паҳлавони систонӣ Гаршосп, додарзодаи ӯ Наримон ва писари Наримон – Сом, ки аз аҷдоди Рустами Дастон будаанд, нақл мекунанд. Дар кишварамон достон бори аввал ба ҳуруфи кириллӣ нашр мегардад ва пояи баланди ҳикмату андарзи он имрӯз ҳам барои ҳамагон коршоям мебошад.
| Нарх: | Ройгон |
|---|---|
| Муаллиф: | Асадии Тӯсӣ |
| Ношир: | Адиб |
| Соли табъ: | 2011 |
| Дастабандӣ: | Адабиёт |
| Шумори саҳифаҳо: | 480 саҳифа |
| Шумори мутолиа: | 553 маротиба |
| Ба иштирок гузоштан: |