close

Маркази Хирад
Барномаи андроид

Скачать
menu
Девони ғарбӣ-шарқӣ

Девони ғарбӣ-шарқӣ | Иоганн Вольфганг фон Гёте

Адабиёти форсу тоҷик садҳо фарсанг фаротар аз марзҳои ҷуғрофиёӣ-сиёсии Эрону Тоҷикистон то ба дурдасттарин марзҳо конунҳои зояндае дорад, ки аз ҷумлаи онҳо шаҳри Қустантанияи куҳан аст. Дар ин шаҳр дар соли 1813 Жозеф фон Ҳаммер Пургштал – сафир ва мутарҷими утришӣ бо девони Ҳофиз ошно шуд ва бо тарҷумае, ки аз ин китоб кард, шеъри форсу тоҷик ба кишварҳои олмонизабон ва ба ин тартиб то ба қалби Аврупо роҳ ёфт. Иоҳанн Волфганг Гёте (1749-1832) – чеҳраи маъруфи адаби олмонӣ аз ҳамин тарҷума илҳом гирифта, ба пайравӣ аз Ҳофиз ва дигар шоирони ин марзу бум девони ҳозирро пардохт ва бо ин асари арзишманд, ки таркибе аз сухану сулуки ғарбиву шарқист, чароғи шеъри Аҷамро дар Аврупо низ афрӯхт ва номи Ҳофизро дар ин қора ба дурахшиш даровард. Ин дафтари пирии он шоири ҷаҳонватан, инак, баъд аз ду қарн дар маҷмӯаи комили худ ба хонандагони тоҷик арза мешавад.

Нарх: Ройгон
Муаллиф: Иоганн Вольфганг фон Гёте
Ношир: Адиб
Соли табъ: 2011
Дастабандӣ: Адабиёти ҷаҳон Китобҳои хориҷӣ
Шумори саҳифаҳо: 384 саҳифа
Шумори мутолиа: 160 маротиба
Ба иштирок гузоштан: