Афъимори марҷонӣ | Темур Зулфиқоров
Дар ин маҷмӯа роман-устура «Афъимори марҷонӣ» ва чанд достони мансури устоди нодиракори сухани инзамонаи рус Темур Зулфиқорови тоҷиктабор гирд оварда шудаанд. «Афъимори марҷонӣ», ки аллакай бо ду мукофоти байналмилалӣ қадр карда шуда, як қиссаи устуравии ҷаззоб аст аз рӯзгори пурфоҷиаи олими машҳури олам дар айёми бозсозӣ, замоне, ки дар он фоҷиаи одами танҳо бо тақдири фоҷиабори Шоҳаншаҳии азим омезиш меёбад. Сӯхтори шадид ҳам тарро месӯзонад, ҳам хушкро. Зиндамондаҳои киштинишастагони «Титаник» ангуштшуморанд… Достонҳои муаллиф низ савтиёти басо рангину сафобахш доранд, зеро Темур Зулфиқоров истеъдоди камназири офариниши асари эпикӣ бо ҳамон маънои атиқаашро соҳиб аст. Осори фоҷиасози воқеӣ иборат аз воҳиди сегона-назм, наср ва театр буда, худ ба худ баландтарин қулла, Эверести адабиёт ба шумор меравад. Осори Гомер, Данте, Гёте, Толстой маҳз ба ҳамин силсилаи назми фоҷиасоз ворид мешаванд. Асарҳои Темур Зулфиқоров низ арзандаи вурудгардӣ ба ин силсилаанд, зеро аз тақдири пешонӣ ва тахфифи равонии инсонҳо ҳикоят мекунанд.
Нарх: | Ройгон |
---|---|
Муаллиф: | Темур Зулфиқоров |
Ношир: | Адиб |
Соли табъ: | 2011 |
Дастабандӣ: | Адабиёт |
Шумори саҳифаҳо: | 312 саҳифа |
Шумори мутолиа: | 58 маротиба |
Ба иштирок гузоштан: |