close

Маркази Хирад
Барномаи андроид

Скачать
menu
zulfiya-atoi.jpg

Зулфия Атоӣ

Зулфия Атоӣ Атоуллоева - шоира, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз 1979), узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (1980). Шоири халқии Тоҷикистон (2011), Барандаи ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ.
Зулфия Атоӣ Атоуллоева Зулфия 15 июни соли 1954 дар деҳаи Қалъаи Азими ноҳияи Ғончӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1970 ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд. Пас аз соле барои таҳсил ба Институти адабии ба номи М. Горкий дар шаҳри Маскав рафт ва дар бахши назм таҳсилро давом дод. Соли 1977 баъди хатми Институти адабии ба номи М. Горкий ба шаҳри Душанбе омад ва то соли 1983 дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») бо кори рӯзноманигорӣ машӻул гашт. Ӯ аз соли 1983 то соли 1985 дар маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» (ҳоло «Фирӯза») ба ҳайси мудири шӯъба: аз соли 1985 то соли 1990 дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» ҳамчун муовини сардабир фаъолият кардааст. Аз соли 1990 то соли 1993 дар хона машғули корҳои эҷодӣ ва тарбияти фарзандон буд. Дар солҳои 1993—2015 сардабири маҷаллаи «Фирӯза» буд.

Китобҳои муаллиф

  • Девони зулф

    Девони зулф

    Зулфия Атоӣ