Зайнуддин Восифӣ
Зайнуддин Маҳмуд ибни Абдулҷалил Восифӣ — нависанда, шоир, муншӣ ва муаррихи тоҷик.
Падараш муншӣ, амакаш шоир, тағояш соҳибилм будаанд. Дар дукони косибии амакаш ‒ Амонӣ шоирони пешавар мунтазам базми шеър меоростанд. Мушоираву суҳбатҳои дар дукон барпошуда ба тарбияи завқ ва ташаккули маънавии Восифӣ бетаъсир намонданд. Восифӣ илмҳои расмии замонаро дар Ҳирот омӯхта, дар муаммокушоию муаммогӯӣ шуҳрати тамом ёфт ва дар 16-солагӣ ба суҳбати Алишери Навоӣ мушарраф гардид. Аммо дар натиҷаи ҳуҷумҳои шоҳзодагони темурӣ ва Исмоили Сафавӣ (ҳукмронӣ 1502–24) аз ғарб ва тохтутози бераҳмонаи Шайбонихон (ҳукмронӣ 1451–1510) аз шарқ Ҳирот мақоми маркази адабию фарҳангӣ буданашро аз даст дода, ба майдони муҳорибаву хунрезиҳо табдил ёфт. Аксари намояндагони илму адаб куштаву пароканда шуданд. Ҳуҷуми Шайбонихону Исмоили Сафавӣ ба сари мардуми Ҳирот кулфатҳо оварданд. Дар чунин вазъият Восифӣ дар зодгоҳи худ истода натавониста, ба умеди гӯшаи осоише дарёфтан соли 1511 роҳи Машҳаду Нишопурро пеш гирифт. Вале дар ин шаҳрҳо ҳам осоишу оромише наёфта, 17 апрели 1512 ба Мовароуннаҳр омад ва илму дониши андӯхтаи худро пайваста такмил дода, ба маҷлису анҷуманҳои адибон роҳ ёфт. Дар ин давра котибӣ, мударрисӣ, имоматӣ ва ғ. василаи рӯзгузаронии адиб гардиданд. Аз ҷумла, солҳои 1512–14 ба Самарқанд омада, чанде мударрисию имоматӣ кард. Баъд аз ин муддате шаҳрҳои дигари Мовароуннаҳрро саёҳат намуда, соли 1518 ба Тошканд рафт ва то охири умраш дар он ҷой рахти иқомат густарид.