Юсуфҷон Аҳмадзода
Юсуфҷон Аҳмадзода - шоир, нависанда, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1980), узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2000).
Юсуфҷон Аҳмадзода 29 декабри соли 1947 дар ҷамоати деҳоти Пӯлодони ноҳияи Конибодом таваллуд ёфтааст. Соли 1965, баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш, таҳсилро дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин идома дода, ҳамзамон, дар нашриёти «Ирфон» машғули кори ноширӣ будааст. Дар тӯли чилу ҳафт соли заҳмат аз дараҷаи мусаҳҳеҳӣ то мақоми муҳаррири хурду муҳаррири калон, мудири шуъба ва ҷонишини раиси нашриёти «Адиб» камол ёфтааст. Ҳоло муовини раиси нашриёти «Адабиёти бачагон» аст. Ҳамчун шоир ва нависандаи кӯдакону калонсолон шинохта шуда, суруду таронаҳо ва ғазалу рубоӣ мегӯяд.