Усмон Назир
Усмон Назир (Оташ) 7 нояб¬ри соли 1940 дар деҳаи Самҷони ноҳияи Масгчоҳ ба дунё омадаасг. Фориғуттаҳсили факултаи филологияи Донишгоҳи омӯзгории Ленинободро дар соли 1963 мебошад. Номзади илми фило¬логия, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон (1994) мебошад. Дар мактабҳои нохияҳои Нову Пролетар (Ҷаббор Расу¬лов) муаллимӣ кардаает, Баъдан корманди илмии Донишгоҳи омӯзгории Душанбе, ва муддати зиёд муҳаррир ва мудири шӯъбаи Энсиклопедияи Советии Тоҷик буд. Вай дар таҳия мақолаҳои энсиклопедияи тоҷик саҳми арзанда дорад. Баъзе мақолаҳояш дар матбуоти Эрон ба табъ расидаанд. Тарҷумаи китобҳои А.Беляев «Чӣ тавр инсон парвозро омӯхт» ва А.Орифов «Дар он сӯи уқёнус» ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Аз китобҳои тозаэҷоди ӯ «Панҷ авранг» ҷилдҳои аввалинашон интишор ёфтаанд. Баъди вафоти шоири бузурги тоҷик устод Лоиқ Шералӣ Усмон Назири Оташ сарварии Бунёди байналмилалии забони тоҷикиро ба зиммаи худ гирифт. Вай вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои зиёд корманди масъули дастгоҳи Маҷлиси Олӣ шудааст. Бо чанд нишон ва ордену медалҳо ва мукофотҳои ҳукуматӣ сарфароз гардидааст. Усмон Назир аз соли 1976 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва аз соли 1995 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Дорандаи лаурети Мукофоти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (1998), барандаи Ҷоизаи ҷамъиятии «Дониш»-и ҷумҳурӣ ба номи А. Баҳоваддинов. Муаллифи китобҳои «Роҳ»(1984), «Рубоиёт» (1988), «Мероси падар» (1988)» «Оташи суғд» (1992), «Оташ» (1998) «Фирдавсӣ ва Хайём» (1996), «Дарёи ҷон» (2005), «Оташрез» () ва мақолаҳо оид ба адабиёти асри XVI, ҳаёт ва эҷодиёти Нисорӣ ва Хайём мебошад.