Убайди Зоконӣ
Убайди Зоконӣ яке аз шоирони бузург ва насрнависи машҳури адабиёти классикии форсии тоҷикӣ маҳсуб мешавад. У соли 1270 дар деҳаи Зокони вилояти Қазвини Эрон дар оилаи собиқ вазири замони худ ба дунё омадааст. Убайд тарбияи кӯдакй ва таҳсили ибтидоии худро дар назди падар, дар зодгоҳи хеш-деҳаи Зокон гирифтааст. Убайд аз хурдсолй ба илму дониш ва донишандӯзӣ шавқу завқи зиёде доштааст. Аз ин рӯ, барои идомаи таҳсил ба шаҳри Багдод, ки яке аз марказҳои илму фарҳанг ба шумор мерафт, сафар намудааст. Вале Убайд дар он ҷо ба душвориҳову сахтиҳои рӯзгор рӯбарӯ мешавад.