close

Маркази Хирад
Барномаи андроид

Скачать
menu
ubayd-rajab.jpg

Убайд Раҷаб

Убайд Раҷаб — шоир, Шоири халқии Тоҷикистон (1994), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1962). Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ (1987) ва Мукофоти адабии ба номи Андерсен. Асосан барои бачагону наврасон эҷод мекард. Муаллифи маҷмӯаҳои шеъри «Орзуҳои ширин» (1958), «Қиссаҳои модаркалон» (1958), «Ҳамсуҳбати ширинзабон» (1963), «Нинӣ чӣ ном дорад?» (1964), «Саду як барг» (1970), «Рӯи замин» (1974), «Хӯшаи гандум» (1978), «Ману ҷӯраҳои ман» (1981), «Як дона марворид» (1984), «Тирукамон дар рӯи бом» (1987), «Тӯшае аз ҳар гӯшае» (1988), Арчамайдон" (1989), «Модарам» (1989), «Куҷо шуд пинҳон тафси тобистон?» (1991), «Як лаълӣ марҷон» (ба форсӣ, 1993), «Себаки ғелон» (1997), «Нақши қалам» (2002), «Ҳадяи бобо» (2006), «Олуча — гули бодом» (2012) ва ғ. мебошад. Маҷмӯаҳои ашъори ӯ «Пайраҳа» (1967), «Илҳом» (1972), «Нимарӯз» (1977), «Рози обшор» (1979), «Саррез» (1982) ва ғ. барои калонсолон офарида шудаанд. Достонҳои «Шабчароғ»-у «Замин»-и ӯ дар мавзӯъи тарбияи наврасон эҷод шудаанд. Китобҳои алоҳидаи ашъори бачагонааш борҳо дар Маскав, Боку, Ашқобод, Ереван, Минск ва дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ чоп шудаанд. Шеърҳои алоҳидааш ба бисёр забонҳои ҷаҳон тарҷума ва дар Эрону Афғонистон борҳо чоп шудаанд. Шеъри «То ҳаст оламе, то ҳаст одаме…», ки дар ҳимояи забони модарӣ нигошта шудааст, ба муаллифаш шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Осори даҳҳо адибони халқҳои бародарро ба тоҷикӣ гардондааст. Дар таҳия ва нашри «Тазкираи адабиёти кӯдакони тоҷик» (дар панҷ ҷилд) ҳиссаи арзанда гузоштааст. БунёдгузориҚонуни кӯдакони Тоҷикистон (1987—1990) буда, то охири умр сарварии онро бар уҳда доштааст.

Китобҳои муаллиф

  • Олуча – гули бодом… (шеъру чистон ва қиссаву достон)

    Олуча – гули бодом… (шеъру чистон ва қиссаву достон)

    Убайд Раҷаб