close

Маркази Хирад
Барномаи андроид

Скачать
menu
toirova-gulnoz.JPG

Тоирова Гулноз

Гулноз (Тоирова Гулноз) санаи 13 феврали соли 1973 дар деҳаи Хайрободи ноҳияи Мастчоҳ пой ба арсаи ҳастӣ гузоштааст. Таҳсили ибтидоиро дар мактаби миёнаи зодгоҳ фаро гирифта, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик хатм кардаааст. Фаъолияти меҳнатии худро чун омӯзгор дар мактаби миёнаи №23-и ноҳияи Мастчоҳ оғоз карда, муддате дар рӯзномаи «Нилуфар» фаъолият бурда, ҳоло вазифаи котиби масъули Шӯрои вилоятии суғдии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва мушовири илмии маҷаллаи «Паёми Суғд»-ро ба зимма дорад. Дар радифи фаъолияти адабиаш чун аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ бо нашри силсилаи мақолаҳои илмӣ ҷиҳати шинохт ва муқаддасии ваҳдати миллӣ ва устувории пояи давлатдорӣ низ машғул аст. Китобҳои Гулноз бо номи «Ашки ширин», «Ғавғои сукут» (маҷмӯаи дастҷамъӣ), «Аз нигоҳ то шеър», «Парвози дунё», «Шаб дар паси ман буд» интишор шудаанд. Барои хизматҳои шоён дар рушди адабиёт бо нишони фахрии ҷамъияти «Дониш», Ҷоизаи ба номи Имом Ҳумайнӣ (Эрон), Ҷоизаи давлатии Шаҳриёр (Эрон) ва Ҷоизаи давлатии адабии ба номи Камоли Хуҷандро сазовор гардидааст. Шеъри Гулноз бо сабки хос, навофарӣ, мавҷи породоксиву тасвирҳои ҷолиб, андешаву фалсафаи нодиру пурбор хуб истиқбол гардидаву дар авҷ аст. Дар меҳварии шеъри ӯ ишқ ва ҳама эҳсосҳои марбут ба он қарор гирифта, ки онро шоира раҳнамои ягонаи адиб дар ҷодаи расидан ба мақсадҳои олии инсонӣ медонад. Шеърҳои «Ҳанӯзҳо», «Дарахти сангин», «Алмоси хунолуд», «Ва осмон ба худ омад», «Партави сапеди сукут», «Садоямро бароят ҳадя хоҳам кард» ва «Сафаре дар харитаи ёд» беҳтарин ошиқонаҳои шоираанд. Дар эҳсоси инсонгароии Гулноз шубҳае нест, зеро ӯ рисолати инсонии худро дар садоқат ва самимият ба халқ, муқаддасоти миллӣ ва Ватан мебинад. Гулноз аз соли 2005 Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва аз соли 2010 узви Садорати ИН Тоҷикистон мебошад.

Китобҳои муаллиф

  • Шаб дар паси ман буд...

    Шаб дар паси ман буд...

    Тоирова Гулноз