close

Маркази Хирад
Барномаи андроид

Скачать
menu
sorbon.JPG

Сорбон

Сорбон — нависанда, Нависандаи Халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Рӯдакӣ.
Облоқул пури Ҳамроқул (Сорбон) 27 январи соли 1940 дар деҳаи Амондараи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд (пешина Ленинобод) дар оилаи колхозчӣ ба дунё омадааст. Ӯ соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент, соли 1963 факултаи филологии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В И Ленинро (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) хатм карда, дар кафедраи забони тоҷикӣ ба кор мондааст. Баъдан муҳаррири барномаҳои адабии радиои Тоҷикистон, муҳаррири калони нашриёти «Ирфон», мухбири калони рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон» будааст. Чанд сол дар нашриёти «Маориф» ва Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ фаъолият доштааст.

Китобҳои муаллиф

  • Мағзреза

    Мағзреза

    Сорбон