Соиби Табрезӣ
Мирзо Муҳаммадалии Соиб — яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти асри XVII буда, бо маҳсули гаронбаҳои адабӣ ва фикру андешаҳои баланди пешқадамонаи худ дар таърихи адабиёти ин аҳд ва давраҳои минбаъда мақоми шоиста дорад.
Мирзо Муҳаммадалии Соиб соли 1603 мелодӣ дар шаҳри Исфаҳон чашм ба олам кушод. Гузаштагони ӯ аз Табрез будаанд. Падараш Мирзо Абдураҳим, ки аз аҳли тиҷорат буд, аз тарафи ҳукмрони онрӯзаи Эрон Шоҳ Аббоси Кабир бо гурӯҳе аз ҳамкасбон ба Исфаҳон кӯчонида шуд.
Соиб дар Исфаҳон таҳти ғамхорӣ ва сарпарастии падар таҳсилоти ибтидоиро ба поён расонида, минбаъд аз илмҳои замонаш баҳраҳои кофӣ бардошт. Вай хусусан дар фанни шеъру шоирӣ дониш ва малакаи тамом андӯхта, шуғли шеъргӯиро бар дигар анвои ҳунар муқаддамтар дошт. Соиб санъати хаттотиро низ омӯхта, дар ин соҳа яке аз саромадони аҳд гардид. Чандин китоб, рисола ва девону маҷмӯаҳои ашъори шоирон бо хати зебои ӯ нусхабардорӣ шуданд. «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ ва куллиёти Шамси Табрезӣ аз қабили онҳо мебошанд. Соиб пас аз касби камол мувофиқи расму қоидаи ҷории замон дар ҷавонӣ зиёрати Каъба рафт. Баъд аз адои маросими ҳаҷ ба Ватан баргашт. Аз сабаби созгор набудани муҳити зиндагӣ тарки диёр намуда, озими Ҳиндустон гардид. Дар ин мусофират шоир муддате дар Кобул таваққуф намуда, ба мулоқоти ҳукмрони он ҷо Зуфархон расид ва бо фазлу дониш, маҳорати суханварӣ, ахлоқи писандида мавриди эҳтироми ӯ қарор гирифт.