Шоҳмансури Шоҳмирзо
Шоҳмансури Шоҳмирзо - рӯзноманигор, нависанда.
07 май соли 1971 дар ноҳияи Мастчоҳ таваллуд шудааст. Факултети рӯзноманигории ДДТ ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1993). Фаъолияти меҳнатиаш ба сифати ҷонишини муҳаррири рӯзномаи "Машъал"-и ноҳияи Мастчоҳ оғоз ёфтааст (1993). Ҳамзамон, котиби матбуотии ҳукумати ноҳия ва муаллими литсейи ба номи М. Ғиёсов буд (1993-1999). Солҳои 1999-2006 дар бахши тоҷикии радиои "Садои Хуросон" ба унвони муҳаррири барномаҳои фарҳангӣ кор кардааст (Машҳад). Аз ноябри соли 2006 то кунун дар Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО) ба сифати коршиноси мизи Тоҷикистон машғул ба кор аст.