Шарифмурод Исрофилниё
Исрофилниё Шаримурод 7 январи соли 1966 дар оилаи рӯҳонӣ ба дунё омадааст. Муаллифи 7 китоб ва бештар аз 500 мақолоти илмӣ ва илмӣ-оммавӣ дар саҳаҳои мухталифи илми адабиётшиносӣ мебошад. Дар конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии Душанбе (1995, 1998, 2000, 2005), Теҳрон (1997, 1999, 2007, 2008, 2010), Шероз (2000), Машҳад (2008), Мадина (2006), Алмаато (2006, 2007), Қуния (2010), Истамбул (2012) бо маърӯза ширкат намудааст ва мақолаҳояш бо забонҳои тоҷикӣ (форсӣ) ва русӣ дар нашрияҳои ватанию хориҷӣ, аз ҷумла Эрону Қазоқистон ба нашр расидааст.