close

Маркази Хирад
Барномаи андроид

Скачать
menu
sharifi-mahmadior.png

Шарифи Маҳмадёр

Шарифи Муҳаммадёр 31 январи соли 1950 дар деҳаи Насруди ҷамоати Зидеҳи ноҳияи Варзоб дар хонаводаи омӯзгор таваллуд шудааст.
Соли 1966 мактаби миёнаи зодгоҳаш ва соли 1972 бахши ғоибонаи таъриху ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе хатм кардааст. Аз аввали соли таҳсилаш дар донишгоҳ дар мактабҳои Зидеҳ ба омӯзгорӣ пардохтааст. Солҳои 1972-1973 дар вилояти Қизилӯрдаи Ҷумҳурии Қазокистон хидмати ҳарбиро адо кардааст. Ба эҷоди шеър аз солҳои 1970 оғоз кардааст. Намунаҳои осораш дар рӯзномаву маҷаллахои «Тоҷикистони советӣ», «Маориф ва маданият», «Омӯзгор», «Анбоз», «Зангӯла». «Машъал», «Чашма», «Истиқбол» ва бисёр баёзу тазкираҳо китобҳои дарсӣ ва маводи ёрирасони таълимӣ дарҷ шудаанд. Асосан барои кӯдакону наврасон менависад. «Қатраҳо («Маориф», 1985), «Баҳори Зидеҳ» («Ирфон», 2003). «Обшори Зидеҳ» («Адиб», 2004), «Куртаи баҳор» («Истиқбол». 2006), «Шамоли сафҳагардон («Адиб», 2012) ва дигар китоҳои шеъраш нашр шудаанд. Шарифи Мухаммадёр имрӯз ҳам дар зодгоҳаш ба таълиму тарбияи насли наврас машғул аст. Хидматҳояш дар соҳаи адабиёт ва маорифу фарҳанг бо чандин мукофотҳои давлативу соҳавӣ тақдир шудаанд. Аз соли 2009 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Китобҳои муаллиф