close

Маркази Хирад
Барномаи андроид

Скачать
menu
sayidoi-nasafi.JPG

Сайидои Насафӣ

Сайидои Насафӣ — шоири асримиёнагии тоҷик.
Саййидои Насафӣ дар соли 1637 дар шаҳраки Насаф таваллуд шуда буд. Ӯ аз хурдӣ истеъдоди хуби шеъргӯйи дошт. Аз ҳамин сабаб падараш Миробид фарзандашро ба шаҳри Бухоро барои илмомӯзӣ фиристод. Муаллифи девони ғазалиёт ва «Баҳориёт» мебошад. Дар ашъораш норозигӣ аз сатҳи иҷтимоияш бисёр во мехӯрад. Ғазалҳои ишқии бисёре низ сурудааст. Сайидо Насафӣ бузургтарин шоири асри XVII ва ибтидои асри ХVIII -и тоҷик аст. Соли таваллудаш маълум нест. Ачдоди ӯ аз Насаф (Қаршӣ) буда, вале худаш дар Бухоро дар оилаи ҳунарманди камбизоат ба дунё омадааст. Зиндагии Сайидо Насафӣ дар аиёми ҷавонӣ ниҳоят душвор ва пурмашаққат гузаштааст. Вай дар Бухоро ба таҳсил шурӯъ карда, дар яке аз ҳуҷраҳои мадрасаи Лаби Ҳавзи Нодир Девонбегӣ маскан гирифта, то охири умр дар он ҷо зиндагӣ кард. Ҳангоми таҳсил ба омӯзиши илмҳои фалсафа, ахлоқ, мусиқӣ, бадеъ машғул шудааст. Зиндагии Сайидо Насафӣ ҳангоми таҳсил дар мадраса ва солҳои аввали хатми он нисбатан осудаҳолона мегузашт, зеро он вақт дӯстони ҳунармандаш ба ӯ ёрии моддӣ мерасонданд. Маҳорати адабии ӯ дар ҳамин давра такмил ёфта, беҳтарин осори дилпазиру пурмазмунаш дар ҳамин айём офарида шудаанд. Ашъораш дар байни мардум паҳн гардида, ҳамчун шоири тавоно ном баровард. Сайидо Насафӣ шоири касбӣ гардид, вале ин боиси аз байн рафтани некуаҳволии ӯ шуд. Сайидо Насафӣ ба сабаби бенавоӣ ва мӯҳтоҷӣ мехост, ки бо кумаки соҳибдавлате ба «ному нон» соҳиб шавад.

Китобҳои муаллиф

  • Девони Сайидои Насафӣ

    Девони Сайидои Насафӣ

    Сайидои Насафӣ