close

Маркази Хирад
Барномаи андроид

Скачать
menu
sattor-tursun.JPG

Саттор Турсун

Саттор Турсун — нависанда, тарҷумон. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1972) ва Иттифоқи нависандагони СССР (1972), Нависандаи халқии Тоҷикистон (1998).
Саттор Турсун 15 феврали соли 1946 дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбакистон дар оилаи деҳқон дида ба олам кушодааст. Соли 1970 бахши арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияти кории худро аз маҷаллаи маъруфи «Садои Шарқ» оғоз намуда, муддати бист сол дар вазифаҳои мудири шуъбаи очерк ва публитcистика, мудири шуъбаи наср, муовини сардабир, иҷрокунундаи вазифаи сардабири ҳамин маҷалла кор кардааст. Солҳои 1990-1991 мудири Шуъбаи идеологии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд. Соли 1993 аввалин сухангӯи роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон буд, ҳарчанд дар ин вазифа зиёд кор накард, вале нақшашро дар таъсиси ниҳоди мазкур дар Дастгоҳи иҷроия муҳим медонанд. Солҳои 1994-1997 сардабири маҷаллаи адабии русии «Памир» буд. Баъдан чанд соли дигар вазифаи сардабирии нашрияи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон «Баҳори Аҷам»-ро ба уҳда дошт. Саттор Турсунро нависандае медонанд, ки набзи замонро некӯ эҳсос мекунад, ба воқеаву рӯйдодҳои муҳимми зиндагӣ воқеъбинона ва устокорона баҳо медиҳад. Аз соли 1972 узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС мебошад. Соли 1994 нависанда Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 1998 Нависандаи халқии Тоҷикистон гардид. Ӯ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви ҳайъати таҳририяи маҷаллаҳои «Фарҳанг» ва «Садои Шарқ» аст. Корманди шоистаи фарҳанги ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аст.

Китобҳои муаллиф

  • Мунтахаби Осор

    Мунтахаби Осор

    Саттор Турсун