Саъди Шерозӣ
Абу Муҳаммад Муслиҳиддин ибни Абдуллоҳ машҳур ба Саъдии Шерозӣ ва - яке аз номдортарин ва забардасттарин шоирони порсигӯйу орифони асри XIII форсу тоҷик мебошад.
Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ соли 1184 дар шаҳри Шероз дар фомили тоҷик ба дунё омада, дар айёми кӯдакӣ аз падар ятим мондааст. Дар ҷавонӣ ба Бағдод рафта ва дар мадрасаи "Низомия" таҳсили илм намуда аст. Пас аз хатми таҳсил Саъдӣ ба ҷаҳонгардӣ меравад ва Эрон, Арабистон, Осиёи Хурд, Миср, Шом, Хуросон, Мовароунаҳр ва дигар сарзаминҳо мегардад. Дар миёнсолӣ ба зодгоҳаш бар мегардад ва дар синни 108-солагӣ, соли 1292 дармегузарад. Ӯро дар гулгашти Мусаллои Шероз ба хок месупоранд ва ормгоҳаш акнун зиёратгоҳи хоссу омм аст.