close

Маркази Хирад
Барномаи андроид

Скачать
menu
raanoi-muboriz.JPG

Раънои Мубориз

Раънои Мубориз — журналист, шоира, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, узви Конфедератсияи байналхалқии Иттиҳодияҳои журналистони ИДМ (1992), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1993).
Раънои Мубориз (Хӯҷаева Раъногул Карамхудоевна) 9 майи соли 1965 дар ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҷаҳон омадааст. Дастпарвари мактаби миёнаи ба номи Мастибек Тошмуҳаммадови ноҳия, хатмкардаи шуъбаи рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Соли 1987, баъди хатми донишгоҳ, дар рӯзномаи вилоятии «Бадахшони Советӣ» ба кор пардохтааст. Муддате корманди рӯзномаи мазкур ва сармуҳаррири ҳафтаномаи «Анис», мудири бахши иҷтимоӣ-фарҳангии дастгоҳи раиси вилоят, сарвари созмони бонувони эҷодкори вилоят, мушовири шуъбаи ИНТ дар Бадахшон ва муовини раиси маҳфили «Адибони Бадахшон» будааст. Соли 2003 муовини сардабири маҷаллаи «Фирӯза» таъйин шудааст. Солиёне чанд ба сифати сармуҳаррири ҳафтавори «Чархи гардун» фаъолият доштааст. Феълан дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба ҳайси мудири шуъба кор мекунад. Аз соли 1992 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва узви Конфедератсияи байналхалқии Иттиҳодияҳои журналистони ИДМ, аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Китобҳои муаллиф

  • Мусоҳиби офтоб

    Мусоҳиби офтоб

    Раънои Мубориз