close

Маркази Хирад
Барномаи андроид

Скачать
menu
qutbi-kirom.JPG

Қутбӣ Киром

Қутби Киром 18 декабри соли 1932 дар деҳаи Урметани ноҳияи Заҳматобод (ҳозира Айнӣ) ба ҷаҳон омадааст. Соли 1953 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм карда, муддате дар мактабҳои ноҳия омӯзгор ва дар рӯзномаи ноҳиявии «Роҳи коммунизм» ходими адабӣ будааст. Баъдан дар вазифаҳои мудири шуъбаи моҳномаи «Шарқи Сурх», муҳаррири барномаҳои адабии Кумитаи давлатии садо ва симои Тоҷикистон буда, Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав)-ро ба поён расондааст. Муҳаррири калон ва мудири шуъбаи муассисаҳои нашаротии «Ирфон»-у «Адиб» будааст. Шеъри аввалинаш соли 1957 дар журнали «Шарқи Сурх» чоп шуда, маҷмӯаи нахустини ашъораш «Парвози меҳр» соли 1963 интишор ёфтааст.

Китобҳои муаллиф

  • Минбари виҷдон

    Минбари виҷдон

    Қутбӣ Киром