close

Маркази Хирад
Барномаи андроид

Скачать
menu
qurbon-sobir.JPG

Қурбон Собир

Қурбони Собир (8 марти соли 1961, деҳаи Ширинчашмаи ноҳияи Ёвон) — ҳунарманд, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, доктори улуми санъат, профессор. Фаъолияти эҷодиаш аз театри шаҳри Қурғонтеппа оғоз шудааст ва баъдан ҳамроҳ бо устодаш, ҳунарманди шинохта ва номдори тоҷик Фаррух Қосимов ба таъсиси театри нав бо номи «Аҳорун» камар бастааст. Шояд ин муваффақтарин лоиҳае буд, ки амалӣ шуд ва дар як муддати кӯтоҳ «Аҳорун» бо шева ва равиши тозаи эҷод ва намоишномаҳои ҷолиб миёни ҳаводорони санъати театрӣ маҳбубият пайдо кард. Аммо «Аҳорун» на аввалину охирин саҳнаи эҷод баъди театри Қурғонтеппа барои Қурбони Собир буд. Вай баъдан дар саҳнаи театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ, театри «Ҷавонон»-и ба номи М.Воҳидови шаҳри Душанбе ва театри шаҳри Хуҷанд ҳам бо нақшҳои тозаву хотирмон зоҳир гардид. Қурбони Собир аз ҷумлаи камтарин ҳунармадонест, ки дар озмунҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ чор маротиба ба дарёфти ҷоизаи беҳтарин нақши мардона мушарраф гардидааст. Ӯ бар замми ин ки нақш меофарад ва намоишномаҳоро коргардонӣ мекунад, боз соҳиби килки суханофарин аст. Метавонад бардоштҳояшро аз тавлиди ин ё он намоишнома, нақш дар спектакл ё филм ҳунармандонаву эҷодкорона рӯи коғаз орад. Қобилияти бо сухан ифода кардани эҷоди ин ё он асарро дорад.

Китобҳои муаллиф

  • Дардҳои паси парда

    Дардҳои паси парда

    Қурбон Собир