Пӯлод Толис
Пӯлод Толис — нависандаи тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Пӯлод Толис 24 августи 1929 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёна ҳуруфчини матбааи шаҳри Ленинобод, ҳунарпешаи театри драмавӣ, ходими адабӣ ва мудири шуъбаи рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», котиби масъули маҷаллаи «Пионер» (дар Душанбе), муҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон будааст. Дар факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил кардааст. Соли 1953 котиби масъул, баъдан сармуҳаррири маҷаллаи «Шарқи Сурх» будааст ва дар пешрафти насри тоҷик ҳиссаи калон гузоштааст. Ҳикояи аввалинашро соли 1946 навиштааст. Ӯ 17 сентябри 1961 аз олам даргузашт.