close

Маркази Хирад
Барномаи андроид

Скачать
menu
nosiri-husrav.JPG

Носири Хусрав

Носири Хусрав — нависанда, файласуф, шоир, адиб, мутафаккири барҷастаи тоҷик.
Носири Хусрав соли 1004 дар шаҳри Қубодиён, ки дар қисми ҷанубии Тоҷикистони имрӯза ҷойгир аст, дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст. Номи пурраи ӯ чунин аст: Абумуиниддин Носири Хусрави Қубодиёнӣ. Аён аст, ки номаш Носир, номи падараш Хусрав, тахаллусаш Абумуиниддин ва Қубодиёнӣ нисбааш мебошад. Падараш деҳқон буд ва Носири Хусрав баробари ёд гирифтани кори деҳқонӣ, хату савод ҳам баровард. Қайд кардан лозим аст, ки дар он замонҳо шахси бадавлату молдорро деҳқон мегуфтанд ва онҳо дар назди дигар табақаҳои ҷомеа обрӯи калон доштанд. Баъд аз ин Носир дар мактаб маълумоти ибтидоиро гирифта, пас аз он таҳсилро дар мадрасаи Балх давом дод. Дар давоми таҳсил махсусан ба омӯзиши илмҳои фалсафа, мантиқ ва табиатшиносӣ бештар майл зоҳир мекард. Носири Хусрав солҳои 30-юми асри XI ҳамчун шоир ва олими забардаст ном баровард.

Китобҳои муаллиф

  • Девони ашъор

    Девони ашъор

    Носири Хусрав