Муҳаммадзамони Солеҳ
Муҳаммадзамони Солеҳ таърихи 5-уми январи соли 1951 дар оилаи ходими ҷамъиятӣ ба дунё омадааст.
Фориғуттаҳсили факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (соли 1974) буда, фаъолияти кориашро ба ҳайси ходими адабии шӯъбаи адабию драммавии телевизиони тоҷик оғоз намудааст (1974-1978). Баъдан ба сифати мудири бахши адабии Театри давлатии академӣ, драммавии ба номи Лоҳутӣ (1978-1981), ходими адабии ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (1981-1989), мудири шӯъбаи танзими тарҷума ва нашри китоби Кумитаи матбуоти Тоҷикистон (1989-1992), ходими адабӣ ва мудири қисми адабии театри таҷрибавии «Аҳорун» (1992-1994), ходими адабии Бунгоҳи тарҷума ва нашри «Симурғ»-и назди Кумитаи давлатии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994-1995), сардабири нашриёти «Деваштич» (2000-2009) адои вазифа намудааст.