Мисбоҳиддини Нарзиқул
Мисбоҳиддини Нарзиқул — мунаққид ва адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ (2010), профессор (2011), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2010). Дар ин фосила ду маротиба ба ҶИЭ сафар карда, бори аввал ба муддати як моҳ ва дафъаи дуюм панҷ моҳ ба сифати бозомӯзи забон ва адабиёти форсӣ (тоҷикӣ) дар донишгоҳҳои Шаҳид Биҳиштӣ ва Тарбиятмударриси Теҳрон ба таҳсил ва тадқиқ машғул ва аз 1-уми сентябри соли 2007 то феврали 2010 докторанти кафедраи таърихи адабиёти тоҷики ДМТ буд. Соли 1997 дар мавзӯи “Адабиётшиносии форсии тоҷикӣ дар асрҳои XIII-XIV” (таҳти роҳбарии профессор Х.Шарифов) рисолаи номзадӣ ва соли 2010 дар мавзӯи “Эъҷози хусравӣ”-и Амир Хусрави Деҳлавӣ” ва суннатҳои номанигорӣ дар таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ (асрҳои X-XIV)” (мушовири илмӣ: профессор Худоӣ Шарифов) рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Бо роҳбарии профессор Мисбоҳиддини Нарзиқул 1 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст ва 7 нафар аспиранту унвонҷӯёни ватанию хориҷӣ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ анҷом медиҳанд. Миқдори мақолаву рисолаҳои илмию адабии профессор Мисбоҳиддини Нарзиқул беш аз 100 буда, дар дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон- дар Эрон, Покистон, Доғистон чоп шудаанд. Ба қалами ӯ 4 монография, 1 маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ-интиқодӣ, 2 китоби дарсӣ, 1 дастури таълимӣ ва дигар таълифоти илмӣ, илмӣ-методӣ ва оммавӣ тааллуқ дорад.