Мирзо Муллоаҳмад
Мирзо Муллоаҳмад — адабиётшинос ва эроншинос, доктори илмҳои филология (1993). Узви вобастаи АИ ҶШС Тоҷикистон (2008). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1994). Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: адабиётшиносӣ, эроншиносӣ, фарҳангшиносӣ. Ба қалами ӯ беш аз 450 асари илмӣ ва илмиву оммавӣ тааллуқ дорад, ки аз онҳо 15 монография ва маҷмӯаи мақолаҳо, беш аз 30 маҷмӯаи гуногун аз осори адибони гузаштаву муосири форсизабон мебошанд. Таҳти роҳбарии ӯ 14 нафар рисолаи номзадиву докторӣ дифоъ кардаанд. Мирзо Муллоаҳмад адабиётшинос ва эроншиноси шинохта буда, перомуни масъалаҳои гуногуни адабиёт, забон, таърих ва фарҳанги тоҷику форсу Шарқ, роҷеъ ба адибони даврони мухталиф тадқиқот анҷом додааст. Асарҳои илмии ӯ «Фаррухии Систонӣ» (1978), «Нишот ва Миҷмар» (1983), «Лирикаи Адибулмамолик Амирӣ» (1985), «Фурӯғии Бастомӣ ва ғазалиёти ӯ» (1967), «Қоонии Шерозӣ» (1992), «Суннатҳои пойдори даврони пурбори адабиёт» (2008) дар нашриёти «Дониш», «Инсон. Адабиёт. Фарҳанг» (1993), «Рӯдакӣ ва рӯдакишиносон» (2012) дар нашриёти «Адиб», «Паёми ахлоқии Фирдавсӣ» (2003), «Дар олами эроншиносӣ» (2005), «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем...» (2011) дар нашриёти «Деваштич», «Бузургдошти инсони нек» (2011) дар нашриёти «Маориф ва фарҳанг» ба табъ расидаанд. Матни мунтахаби оммавии «Қобуснома»-и Унсурмаъолӣ Кайковус (1979, 2007), «Рубоиёти Умари Хайём» (1983), «Баргузидаи ашъори Шаҳриёр» (дар ҳаммуаллифӣ, 1984, 2006), «Ҳикояҳои нависандагони муосири Эрон» (дар ҳаммуаллифӣ, 1986, 1988), «Рӯзномаи сафари Искандаркӯл»-и Абдураҳмони Мустаҷир (дар ҳаммуаллифӣ, 1989), «Гулбонги навҷавонӣ»-и Лоҳутӣ (дар ҳаммуаллифӣ, 1991), «Андарзномаи Рӯдакӣ» (1992), «Ғазалиёти Фурӯғии Бастомӣ» (1993), «Донишнома»-и Майсарӣ (1999), «Андарзномаи Ҳаким Носири Хусрав» (2003), «Дахунома» (2003), «Гулчини девони Ҳофиз» (2006), «Андарзҳои Ҷалолиддини Румӣ» (2007), «Ашъори мунтахаб»-и Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), «Дар партави Хуршед» (2011), «Ҳикматномаи Носири Хусрав» (2013) ва ғ.-ро ба чоп расондааст. Баъзе аз асарҳои илмиаш дар Маскав, Теҳрон, Вашингтон, Боку, Машҳад, Қарочӣ, Кобул, Тошканд ва ғ. чоп шудаанд. Яке аз муаллифони нашри академии «Таърихи адабиёти Эрон дар асрҳои ХIХ-ХХ» (Маскав, «Наука», 1999) мебошад. Китобҳои ӯ «Ёди ёри меҳрубон» (Теҳрон,2001), «Хубони порсигӯй» (Теҳрон, 2003), «Андарзҳои Рӯдакӣ» (Теҳрон, 2008), «Садои Осиё» (2011) ва ғ. хонандагони эрониро бо намунаҳои осори шоирони маъруфи тоҷик ошно кардаанд. Дар нашрияҳои муътабари Эрон асарҳои илмии ӯ «Ҷанг ва сулҳ дар «Шоҳнома» (2005), «Рӯдакӣ ва суханварони ҳамрӯзгори ӯ» (2008, дар ҳаммуаллифӣ), «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем...» (2010) нашр шудаанд. Ҳамчунин, рисолаи маъруфи ховаршиноси ленинградӣ Абдураҳмонов «Рӯдакӣ. Ҳаёт ва эҷодиёт» дар тарҷума ва тавзеҳи ӯ боре дар Душанбе (2008) ва ду маротиба дар Теҳрон (2012, 2014) ба табъ расид.