Меҳриниссо Бобобекова
Бобобекова Меҳриниссо - омӯзгор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бобобекова Меҳриниссо 19 январи соли 1950 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд шудааст. Миллат: тоҷик. Соли 1972 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Ихтисос: таърихчӣ, муаллимаи фанни таърих ва ҷамъиятшиносӣ Раиси Бунёди байналмилалии «Хубони порсигӯ».
Солҳои 1972-1973-корманди илмии Институти шарқшиносӣ;
Солҳои 1973-1976-сафари хизматӣ дар Ҷумҳурии Афғонистон;
Солҳои 1976-1985-муаллимаи фанни таърих ва ҷамъиятшиносӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 41-и шаҳри Душанбе;
Солҳои 1985-1987-муаллимаи фанни таърих ва ҷамъиятшиносии омӯзишгоҳи касбии №31-и шаҳри Душанбе;
Солҳои 1987-1989-коршиноси Бунёди фарҳанги Тоҷикистон;
Солҳои 1989-1991-муҳаррири шуъбаи маърифат ва илми маҷаллаи Фирӯза;
Солҳои 1991-1996 мутахассиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 1996-2007-мушовири Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикстон бо мамолики хориҷӣ;
Аз соли 2007-то инҷониб Раиси Бунёди байналмилалии «Хубони порсигӯ»
Аз 30 марти соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.