Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ
Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ маъруф ба Румӣ, Мавлоно ва Мавлавӣ — ориф ва адиби форс-тоҷик.
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) тахминан соли 1207 дар дар шаҳри Балх ё дар Вахши Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ном Аҳмад Ҷалолуддин тахаллусаш ба Мавлавӣ машҳур аст. Падараш аз олимони Балх буд. Дар ибтидои ҳуҷуми муғулҳо ӯ бо волидайни худ аз Вахш ба Балху Самарқанд ва Нишопур сафар кардааст. Баъдан оилаи онҳо аз Нишопур ба Ҳиҷоз мекӯчанд. Соли 1232 дар Қуния, назди Сайид Бурҳонуддин Муҳаққиқи Тирмизӣ илми тасаввуфро азхуд мекунад. Мавлоно Балхӣ соли 1273 дар Қунияи Рум вафот кардааст. Бузургтарин асари ӯ «Маснавии Мавлавӣ», ки соли 1259 ба навиштан ин асар сар кардааст ва зиёда аз 10-сол ба эҷоди ин асар машғул гаштааст.