Махфират Юсуфӣ
Махфират Юсуфӣ 9-уми майи соли 1975 дар деҳаи Алмосии ноҳияи Ҳисор дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааcт. Хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон мебошад. Аз 10 уми майи соли 2003 узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон. Аз соли 2012 узви Иттифоқи нависандагон. Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. То ин дам маҷмӯаи шеърҳо ва дигар осораш таҳти унвони "Гаҳворабони ғам" (соли 2003), "Гӯётар аз садо" (2004), "Ҳадиси тарбияти бузургсол" (2004), "Дардҳои ниҳон" (2005), "Гули ёс" (2005 нашриёти Адиб), "Печутоби сарнавишт", (2011 нашриёти Деваштич) "Гӯётар аз садо" (2010 нашриёти Эҷод), "Фоли Ҳофиз" (баргардон аз ҳуруфи форсӣ ба кириллӣ 2009), "Пайки Наврӯз" (2012, чопхонаи Пайванд), "Асири зиндагӣ" (2013, нашриёти Шаҳпар), "Тозакориҳои истиқлолият". "Маҷмӯаи мусоҳибаҳо" (2013) ба дасти хонанда расидааст.