close

Маркази Хирад
Барномаи андроид

Скачать
menu
karomatullohi-mirzo.jpg

Кароматуллоҳи Мирзо

Кароматуллоҳи Мирзо 25 апрели соли 1942 дар деҳаи Нилкони ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Ленин (ҳозира ноҳияи Рӯдакӣ) дар хонадони мударрис Мирзои Мирҳайдар ба дунё омадааст. Модараш мактабдор буда, ба духтарони деҳа савод меомӯзондааст. Соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм кардааст. Сипас муаллими мактаб, ходими адабии рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» («Анбоз»), мудири шуъбаи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон»), мудири шуъбаи адабиёт ва санъати рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» («Ҷумҳурият»), мудири шуъбаи адабиёти бадеии нашриёти «Маориф» («Маориф ва фарҳанг»), сармуҳаррир ва директори нашриёти «Адиб» (1990-2004) будааст. Аз соли 2007 якчанд сол сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» бар зимма дошт. Соли 2004 мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсат ва раиси Шӯрои насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва узви чандин кумитаю созмону комиссияҳои бонуфузи ҷумҳуриявист. Аз соли 1982 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Китобҳои муаллиф

  • Деҳаро хоб мебинам

    Деҳаро хоб мебинам

    Кароматуллоҳи Мирзо