Камоли Хуҷандӣ
Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ — маъруф ба Шайх Камол аз орифон ва шоирони порсигӯи садаи XIV милодӣ аст.
Камоли Хуҷандӣ дар соли 1321 дар шаҳри Хуҷанд дида ба ҷаҳон кушодааст. Ҷавонияш дар зодгоҳаш гузашта ва маълумоти ибтидоиро низ дар он ҷо омӯхтааст. Сипас таҳсили улумро дар шаҳрҳои Самарқанду Шош давом додааст. Вай дар ҳузури устодон аз китоби машҳури Саккокӣ «Мифтоҳ», ки дар он айём асоси таълими забон ва адабиёт ба шумор мерафт, «Алкашшоф»-и Замахшарӣ, «Матолеъ», «Мисбоҳ» ва ғайра дарс омӯхтааст. Камол яке аз донишмандони бузурги замони худ буд.