Камол Насрулло
Камол Насрулло соли 1950 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст. Соли 1971 факултаи филологияи Донишгоҳи омӯзгории Душанберо хатм намуда, дар радиои Тоҷикистон, моҳномаҳои "Машъал" ва "Садои Шарқ" фаъолият карда, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ буд. Ҳоло сармуҳаррири моҳномаи бачагонаи "Чашма" мебошад. Дорандаи мукофоти Давлатии ба номи Рӯдакӣ (1998)ва аз соли 1979 узви Иттифоқи нависандагон мебошад. Номи ӯ чун шоир аз солҳои 60-уми асри гузашта ба хонандагон маълум аст. Муаллифи даҳҳо китобҳои назмӣ мебошад.