Ҳоҷи Содиқ
Ҳоҷӣ Содиқов — нависанда, рӯзноманигор ва драматурги маъруфи тоҷик. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945). Ходими Хизматнишондодаи Санъати РСС Тоҷикистон (1973), Корманди Хизматнишондодаи маданияти РСС Тоҷикистон (1979).
Ҳоҷӣ Содиқов 25 октябри соли 1913 дар хонаводаи косиб дар Конибодом ба дунё омадааст. Донишгоҳи педагогии шаҳри Ленинобод, ба номи С. И. Кировро хатм кардааст (1956). Аз соли 1941 то 1943 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ зидди фашистони немис ҷангида, соли 1943 дар муҳорибаи Сталинград сахт маҷрӯҳ шудааст. Солҳои 1943—1945 муҳаррири газетаи «Стахановчӣ», солҳои 1945—1946 котиби Комиҷроияи вилояти Ленинобод, солҳои 1946-1964, ҷонишини муҳаррир ва муҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», солҳои 1964—1980 сармуҳаррири рузномаи «Совет Тожикистонӣ», аз соли 1980 дар нафақа буд.
Ҳоҷӣ Содиқ аз соли 1956 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Вакили шӯрои олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 7, 8, 9) буд.