Ҳофизи Шерозӣ
Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ — шоири тоҷику форс, суфӣ ва ҳофизи Қуръон.
Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ соли 1321 дар шаҳри Шероз таваллуд ёфта, дар ҳамин ҷо соҳиби илму дониш гаштааст. Ба қавли худаш Хоҷа Ҳофиз чил сол ба таҳсили илм машғул шудааст. Таҳсили дурудароз шояд аз он сабаб бошад, ки падараш ҳангоми тифл будани ӯ аз олам гузаштааст ва ӯ имконият пайдо накард, ки таҳсилро мунтазам давом диҳад.
Номи Ҳофиз ҳамчун эҷодгари ғазалҳои дилошӯб ҳанӯз дар замони зиндагии шоир машҳур гардида буд. Ғазалҳои Ҳофиз ба зудӣ вирди забони мардум мегаштанд ва дар базму шабнишиниҳо сароида мешуданд. Ҳофиз ба ҳеҷ ҷой сафар накард. То охири умр дар Шероз монд ва соли 1389 дар Шероз чашм аз олам пӯшидааст. Мавзӯъҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ гуногунанд: тараннуми ишқу муҳаббат, дӯстиву рафоқат, ростқавлию поктинатӣ, манзараҳои табиати дилангез, ғанимат донистани умр ва амсоли инҳо.