Гулчеҳра Муҳаммадиева
Гулчеҳра Муҳаммадиева 27 марти соли 1957 дар ноҳияи Фархор дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Модараш муаллима буд ва чун боғбони гулзори маърифат аз овони хурдӣ дар дили кӯчаки Гулчеҳра некномӣ, некандешӣ, некдилӣ, некхохӣ, нексуханӣ, некбаёниро тарбия намуд. Ӯ баъди хатми донишкадаи олӣ ба зодгоҳаш баргашта, дар вазифаҳои пурмаҳсул–муаллима, котиби кумитаи комсомолии ноҳия, корманди ҳизб, раиси иттифоқи касаба ва 16 сол ҷонишини раиси ноҳияи Фархор шуда кор кардааст.